Шаҳло Акобирова: «Кам журналистоне ба назар мерасанд, ки барои дар соҳаи иқтисодӣ мавод навиштан муваффақ шуда бошанд»

Март 3, 2017 10:56

ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» дуюмин маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Маҳфили мо ба муҳокимаи иқтидори мамлакат дар такмили идораи молияи давлатӣ бо мақсади муҳайё кардани заминаи табодули афкору таҷриба оид ба инъикоси босифати масоили иқтисодӣ дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилалию ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон бахшида мешавад»,- иброз дошт Шаҳло Акобирова, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар оғози маҳфил.
Дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва таҳлилгарону коршиносони соҳаи иқтисод иштирок карданд.
Рустам Бобоев, ҳамоҳангсози марҳилаи дуюми Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳот дар идораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар даҳсолаи аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва ба низом даровардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шуда бошад, 15 соли дигар мо рӯ ба рушди иқтисодӣ овардем ва дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон тавонист, ки худро ҳамчун як давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд»,-иброз дошт Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба ақидаи ӯ, «ба масъалаҳои иқтисодӣ кам рӯ овардани рӯзноманигорон шояд аз кам будани маълумоти иқтисодии онҳо бошад, аз ин сабаб мо ҳамеша омодаем, ки бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ намоем».
«Дар ҷаҳон аллакай журналистика ба соҳаҳо, аз қабили журналистикаи фарҳангӣ, журналистикаи сиёсӣ ва журналистикаи иқтисодию иҷтимоӣ ҷудо шудааст. Аммо дар кишвари мо кам журналистоне ба назар мерасанд, ки барои дар соҳаи иқтисодӣ мавод навиштан муваффақ шуда бошанд»,-зикр кард Шаҳло Акобирова.

Март 3, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид