«Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон»- ҳамоиши волонтёрон бахшида ба Соли ҷавонон

Март 14, 2017 10:02

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таҳти унвони «Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон» ҳамоиши волонтёрон баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумита, намояндагони Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои пойтахт, гурӯҳи волонтёрон аз ташкилоту корхонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва мактабҳои миёна иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки фаъолияти самарабахши волонтёрон ва иштироки онҳо дар барномаҳои оммавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад.
Рафоати Файзалӣ, раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони назди Кумита, Саъдулло Юсупов, роҳбари маҳфили «Стипендиатҳои ҷавон»-и назди Кумита ва дигар волонтёрон омодагии хешро ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ва сазовор гузаронидани Соли ҷавонон баён намуданд.
Ҳамоиши волонтёрон таҳти унвони «Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон» бо мақсади Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 роҳандозӣ шудааст.

Март 14, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид