То охири ҳафта дар пойтахти кишвар ҳавои офтобӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. То охири ҳафта дар пойтахти кишвар ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 6 то 11 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар водиҳо аз 13 то 18 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад ва дар баъзе минтақаҳои алоҳида шиддатнокиаш аз 15 то ба 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар водиҳо аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






