Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, миёни ширкатҳои «Amitech Astana»-и /Амитех Астана/ Қазоқистон ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ қарордод ба имзо расид.
Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон Ҷамшед Убайдуллоев, роҳбари ширкати «ПластСервис» ва аз ҷониби Қазоқистон мудири «Amitech Astana» Расул Раҳматов ба имзо расониданд.
Интизор меравад, ки бо имзои ин санад ширкати «ПластСервис» аз Қазоқистон барои бахши сохтмон, гидроэнергетика ва соҳаҳои обёрию ирригатсионии Тоҷикистон трубина ва қубурҳои сохти ширкати «Amitech Astana»-и Қазоқистонро ворид намояд.
Дар ин росто Нурлан Сейтимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки соҳибкорони Қазоқистон барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан дар татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талош доранд.
Дипломати қазоқ афзуд, ки ширкати «Amitech Astana» бо мақсади рушди соҳаи гидроэнергетика дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон бо ширкати «Помир энерҷӣ» низ ҳамкорӣ менамояд.














Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






