Дар ҳафтаномаи «Бадахшон»-и Афғонистон мақолаи Вазири корҳои хориҷӣ оид ба даҳсолаи нави об ба нашр расид

Апрель 25, 2017 09:42

ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақолаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон Сироҷидин Аслов таҳти унвони «Тарҳи истифодаи об дар арсаи байналмилалӣ» дар ҳафтаномаи «Бадахшон»-и Афғонистон ба нашр расонида шуд, ки ба ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар ин хусус бахшида шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд, ҳафтаномаи «Бадахшон» дар вилоятҳои чоргонаи шимолу шарқи Афғонистои (Бағлон, Қундуз, Тахор ва Бадахшон) паҳн мешавад.
Тавассути чопи мақолаи мазкур аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшони Афғонистон дар ин нашрия, ҷавонон, равшанфикрону кормандони давлатии Афғонистон барои муаррифӣ ва шинохти ҳар чи бештари ҷанбаҳои созандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуданд.

Апрель 25, 2017 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад