Дар Париж бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид

Апрель 12, 2017 10:11

ДУШАНБЕ, 12.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Париж аз 5 то 11 апрели соли равон бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид. Онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия дар ҳамкорӣ бо рассоми барҷастаи тоҷик Қодир Раҳимов ва рассом Люся Денисова баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
Бино ба иттилои сафорат, арбобони санъати тасвирӣ асарҳои тозаи худро дар галереяи Коломбиёи Париж намоиш доданд. Боздидкунандагон аз ҷумлаи намояндагони ҷамъияти тоҷикон, дипломатҳо, донишҷӯён, инчунин муқимони Париж ва меҳмонони пойтахти Франсия имкон доштанд, ки бо расмҳои дорои унсурҳои омехтаи милливу аврупоӣ ошно гарданд.

Апрель 12, 2017 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид