Таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре огоҳӣ дорем, моҳи феврали соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори махсус «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019»-ро ба тасвиб расонд.
Тамоюли татбиқи барномаи мазкур дар кадом сатҳ ҷараён дорад? Дар робита ба ин савол ва дигар паҳлуҳои мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Ҳафизов, сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб дод.
Саидалӣ Ҳафизов аз ҷумла гуфт, ки қабули барномаи мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ муайян намудани ҳаҷм ва тартиби хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ба шаҳрвандон ва гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолии кишварро дар назар дорад. Мавсуф афзуд, ки шурӯъ аз соли 2007 «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ» дар шаҳру ноҳияҳо ба таври таҷрибавӣ оғоз гардида, алҳол он дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак, Истаравшан ва Турсунзода, инчунин ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Спитамен, Ашт, Шуғнон, Рашт, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод татбиқ карда мешавад. Инчунин он зина ба зина дар муассисаҳои тиббии дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар- Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Рӯшон, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон С. Ҳафизов зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии кишвар коҳиш додани бистарикунонии беасос ва харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи беморхонавӣ, таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ ва афзалият ба рушди самтҳои пешгирии бемориҳо ва оризаҳои онҳост. Дар раванди татбиқи барнома дар ноҳияҳои таҷрибавӣ сатҳи бистарикунонӣ ва харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи беморхонавӣ кам гардида, хизматрасониҳои камхарҷи дармонгоҳӣ, яъне ташрифи дармонгоҳӣ афзудааст. Дар доираи татбиқи барнома солҳои охир ба бештари беморон, алалхусус табақаи осебпазири ҷомеа ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.
Ба андешаи С. Ҳафизов, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ташрифҳои дармонгоҳӣ дар навоҳии таҷрибавӣ дар давраҳои пеш аз воридшавии барнома (соли 2006) ва дар соли 2016 нисбат ба 1 нафар аҳолӣ дар як сол аз 2,4 то ба 2,8 нафар афзудааст. Дар сатҳи бистаришавӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дар давраҳои пеш аз воридшавии барнома (соли 2006) ва дар соли 2016 аз 9,3 ба 100 нафар аҳолӣ то ба 6,9 нафар паст гардидааст. Натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳои 14 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии барнома дар соли 2016 аз он шаҳодат медиҳад, ки наздик ба 115 ҳазор нафар бемор дар доираи барномаи мазкур дар беморхонаҳои марказӣ муолиҷа гирифтаанд, ки аз ин омор ба зиёда аз 61 ҳазор нафар ё 53,8 фоиз беморон ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ расонида шуд.
Ҳиссаи маблағҳои ҳампардохт нисбат ба маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои госпиталӣ 19,1 фоиз ва дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 4,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2016 воридоти маблағҳои ҳампардохти Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии кишвар дар сохтори беморхонавӣ 14 миллиону 338 ҳазору 990 сомонӣ буда, аз ин 14 миллиону 95 ҳазор сомонӣ ё 98,3 фоиз хароҷот гардиданд.
Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар соли 2016 воридоти маблағҳои ҳампардохти Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 177 ҳазор 379 сомониро ташкил намуда, аз ин маблағ 3 миллиону 93 ҳазору 448 сомонӣ ё 97,4 фоиз хароҷот шудааст. Инчунин С. Ҳафизоф зикр намуд, ки дар муассисаҳои беморхонавии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби ҳампардохти аҳолӣ барои хариди доруворӣ 8 миллиону 67 ҳазору 420 сомонӣ (57,2%), барои музди маоши иловагӣ ба кормандон беш аз 3,3 миллион сомонӣ (23,6%) ва дигар хароҷоти ҷорӣ 2,6 миллион сомонӣ (19,2%) сарф карда шудааст. Дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ҳисоби ҳампардохти аҳолӣ барои хариди доруворӣ беш аз 757 ҳазор сомонӣ, музди маоши иловагӣ ба кормандон зиёда аз 1,9 миллион сомонӣ ва дигар хароҷот беш аз 1,2 миллион сомонӣ (40,2%) сарф карда шудааст.
Ҳамзамон бо қабули барномаи мазкур имконияти ҷалби ҳамкорон оид ба рушд ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ доир ба беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ворид намудани усулҳои замонавии ташхису табобати беморон, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ бештар мегардад. Вазорат тибқи дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аллакай бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва харидории таҷҳизоти асосии тиббӣ нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст.
Ибодат ДАВЛАТОВА








Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»






