Баррасии масъалаи пешбурди сиёсати иқтисодии давлат дар Бонки миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ 23 май зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии Пол Росс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, барои вусъат бахшидани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва татбиқи ислоҳоти сохтории низоми бонкӣ ҷиҳати беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои берунӣ ба он табодули назар намуданд. Масъалаи муҳайё намудани фазои мусоид барои солимгардонии низоми бонкии кишвар, батанзимдарории бонкҳои муаммодор, такмил додани заминаи ҳуқуқии танзим ва назорат, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молиявӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.
Пол Росс барои рушди ҳамкории судманди тарафайн ва татбиқи минбаъдаи барномаҳои самарабахш ҷиҳати мусоидат ва дастгирӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ислоҳот дар низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар мулоқоти корӣ инчунин сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи Байналмилалии Асъор Илҳом Раҷабов ширкат варзида, оид ба дурнамои ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда ибрози назар намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба тақвият додани ҳамкорӣ баҳри рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии кишвар изҳори омодагӣ намуд. Аз ҷумла, ӯ зарурияти ҳарчи зудтар вусъат бахшидани раванди баррасии барномаи нави Хазинаи Байналмилалии Асъорро барои Тоҷикистон ва ҳамоҳанг намудани шартҳои онро барои татбиқи ислоҳоти самарабахш ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодиёт таъкид намуд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии Пол Росс дар Тоҷикистон барои гузаронидани машваратҳои корӣ дар доираи моддаи IV қарор дошта, дар ин сафар онҳоро намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, сариқтисодчиёни ХБА Далматсио Бенитсио, Терри Бейл, Джангянг Ю. ва иқтисодчӣ Каролина Кастелланос ҳамроҳӣ мекунанд.








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






