Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Халқи тоҷики ман»-и Рамазон Абдулатипов муаррифӣ гардид

Май 11, 2017 13:22

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, китоби худро бо номи «Халқи тоҷики ман» дар ҳузури роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати васеи меҳмонон аз Федератсияи Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, олимону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистону Россия муаррифӣ кард. Дар ин бора  хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад.

Китоби «Халқи тоҷики ман» аз таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, санъат, урфу одат, фолклор, ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик нақл карда, аз 12 фаслҳои алоҳида, аз ҷумла фаслҳои «Тоҷикистон – кишвари тамаддуни қадим», «Сарчашмаҳои қадимии халқи тоҷик», «Меъморӣ ва санъати тасвирии тоҷикон», «Аз Сомониҳо то РСС Тоҷикистон», «Иродаи динии тоҷикон ва замони муосир», «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ», «Тоҷикистон дар солҳои шӯравӣ» иборат ёфта, ҳамчун нашрияи илмӣ-оммавӣ ва иттилоотӣ барои доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст. Муқарризони китоби «Халқи тоҷики ман» академики АИ ҶТ Т.Назаров, доктори илмҳои таърих В.Дубовитский ва номзади илмҳои таърих Н. Амиршоҳӣ буда, китоб бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Парето-Принт»-и шаҳри Твери Федератсияи Россия бо муқоваи ранга чоп шудааст.

Мавриди зикр аст, ки муаллифи китоби «Халқи тоҷики ман»  доктори илмҳои фалсафа, профессор Р.Абдулатипов солҳои 2005-2008 ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистону Россия саҳми арзанда гузоштааст.

Акрам САНГЗОДА

Китоби Рамазон Абдулатипов (1) Китоби Рамазон Абдулатипов (3)

 

Май 11, 2017 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид