Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «ISWEEEP-2017»-и ИМА 4 медал оварданд!

Май 11, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар  шаҳри Хюстони ИМА аз 3 то 8 май Олимпиадаи байналмилаии лоиҳавии «ISWEEEP-2017» аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид

Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Олимпиада довталабон аз 65 давлат 529 лоиҳа пешниҳод намуданд. Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонандагони тоҷик бо пешниҳоди 2 лоиҳа муаррифӣ карданд. Дар ҷамъбаст Маҳина Насруллоева, хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе, Фарзона Саидова,  хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе, Искандар  Давлатов, хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Қўрғонтеппа ва Сироҷиддин Валиев,  хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Қўрғонтеппа 4 ҷойи ифтихорӣ (4 медали нуқра)-ро ба даст оварданд.

Дар маҷмўъ, аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 77 медал (8 медали тилло, 33 медали нуқра, 36 медали биринҷӣ)- ро соҳиб гаштаанд.

 

 

Май 11, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид