Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа хоҳад шуд!

Май 11, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар дар ҷумҳурӣ аз 12 то 15 майи соли равон ҳаво гарм шуда, дар водиҳо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо бештар аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» садори маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати ҶТ Умеда Юусупова хабар дод.

Тавре номбурда изҳор намуд, гармшавии ҳаво ба обшавии пиряхҳо ва барфҳои кўҳҳо оварда мерасонад, ки ин сабаби баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани сел, ярч ва сангрезаҳо мегардад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд ва тибқи тавсияҳои зерин амал кунанд:

Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13 то 16 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Агар зарур бошад, дар соя гардиш кунанд.

Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд.

Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.

 

Май 11, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид