Муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Брюссел
ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел бо мақсади ҳарчи хубтар шинос намудани аҳли ҷаласаи ҷаҳонӣ бо масоили рушди Тоҷикистон ҳайати баландпояи кишвар иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигарон дар маросими муаррифии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар чаҳорчӯбаи Конфронси Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо: расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» ширкат варзиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳои узви Иттиҳод, ниҳодҳои мухталифи масъули масоили рушд дар Иттиҳоди Аврупо, масъулони Шӯрои Аврупо, Комиссияи Аврупо, Хадамоти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, сафирон ва намояндагони кишварҳо, ташкилотҳои таҳқиқотии мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ, байниҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд. Раванди баррасии доманадоре гирди масоили афзалиятнок ва авлавиятдори рушди Тоҷикистон, самтҳои асосии он ва роҳҳои татбиқи он бо саъю талоши кишвар ва мадади ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Конфронсро бо суханронии ифтитоҳӣ Намояндаи Ҷумҳурии Словакия дар назди Иттиҳоди Аврупо сафир Питер Яворчик ҳусни оғоз бахшида, суханҳои ӯро Котиби давлатии Ҷумҳурии Словакия оид ба масоили рушд Лукаш Паризек идома дод. Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Словакия соли гузашта раёсати Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда дошт ва ҷараёни амалияи муаррифии Стратегияи миллии рушд ҳангоми раёсати ин кишвар оғоз шуда буд.
Пас аз он намояндаи Малта – кишвари дар Иттиҳоди Аврупо раисикунанда, директори генералии масоили глобалӣ, рушди байналмилалӣ ва умури иқтисодии Вазорати умури хориҷии он кишвар Невил Акуллина ба зарурати ҳамгироии бештар дар мавзӯи конфронс – татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро ҳамчун намунаи хуби навъи нави ҳамкорӣ баҳо дода, таъкиди кишвари раисикунандаро дар Аврупо ба ин санади муҳим ва ба кӯшишу талошҳо дар роҳи татбиқи он иброз дошт.
Директори генералии масоили рушд дар Иттиҳоди Аврупо Стефано Мансервиси ба омилҳои дар минтақаҳои хеле ҳассоси бо чолишҳои муосир рӯ ба рӯ ҷойгиршудаи Тоҷикистон ва зарурати расонидани кумаку мададҳои зарурӣ барои пиёда намудани Ҳадафҳои Рушди Устувор таваҷҷуҳ кард.
Дар назди ҳозирин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов суханронӣ карда, изҳор намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолтарин ширкаткунандагони равандҳои глобалӣ, алалхусус дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор буда, он бо ормонҳои милливу ҳадафҳои муҳимтарини кишвари мо дар роҳи рушд ҳамоҳанг мебошад».
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳикматулло Неъматулозода Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, бо намунаву рақамҳои мушаххас умдатарин ҳадафҳои ин санади фарогирро шарҳу тафсир дод ва зарурати ҳамкории муассирро дар ин ҷода бори дигар таъкид кард.
Дар мубоҳисаву мунозираҳо баъди муаррифии Стратегия намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар масоили чолишҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва бавижа, дар Тоҷикистон сухан ронда, авлавиятҳо ва заруратҳои таъйиду кумакро бо талошу кӯшишҳои миллӣ дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор таъкид намуданд.
Дар самти пеш бурдани ҷараёни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Тоҷикистон намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Латвия, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Департаменти генералии рушди Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Оғохон ва дигарон ибрози назар намуданд.










Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






