Мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон»
ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. 29 апрел дар шаҳри Бишкек мусобиқа оид ба футбол байни шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур ба Соли ҷавонон ва 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода зикр намуд, ки ин мусобиқа ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки бо ҳамдигар беҳтар шинос шаванд ва дӯстии байни ҷавонон мустаҳкам карда шавад. Ин мусобиқа дар мустаҳкам кардани дӯстӣ байни халқҳо ва кишварҳо нақши муҳим мебозад. Сафир ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳои варзишӣ таманно кард.
Мақсади асосии мусобиқа ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷалби бештари иштирокчиён ба мусобиқаҳои варзишӣ, ташвиқи футбол ҳамчун яке аз воситаҳои таълими варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти бозингарон ва мустаҳкам кардани алоқаҳои дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон буд.
14 даста аз ҳисоби донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, иштирокчиёни мусобиқа шуданд. Дар охир ба дастаҳои ғолиб дар маросими тантанавӣ ҷом, медалҳо, пардохтҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои фахрӣ супорида шуданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






