Нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашон чанд аст ва чаро ронандагон бақия намедиҳанд?

Май 26, 2017 11:57

ДУШАНБЕ, 26.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Нақлиёт, хусусан нақлиёти рӯизаминӣ дар рушду пешрафти бахшҳои иқтисодиёт ва ҳаёту рӯзгори инсонҳо нақши калидӣ дорад. Субҳгоҳон, ҳангоме, ки роҳ ба сӯи коргоҳ  пеш мегирем ё бо коре аз хона берун меоем,  ҳар яки мо, хусусан коргарону донишҷӯён,  аз хизмати воситаҳои нақлиёти  мусофиркашонии пойтахт  самаранок истифода менамоем.  Дар баъзе мавридҳо шоҳиди муносибати сард байни ронандагон ва мусофирон  дар масъалаи аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон, бо суръати баланд ҳаракат кардан  дар роҳ, сабқат миёни микроавтобусҳо, баланд кардани садои мусиқии  гӯшхарош ва намоиши видеоие, ки аз фарҳанги шарқиёнаи мо, тоҷикон фарсахҳо дур аст,   надодани бақияи  нархи роҳкиро, яъне 40 дирам дар микроавтобусҳову автобусҳо ва 30 дирам аз троллейбусҳо  мегардем. Дар баъзе мавридҳо мусофирон аз пурсидани бақияи роҳкирои худ шарм медоранд- ё ҳуқуқҳояшонро намедонанд ва ё аллакай баъд аз гузашти 6 сол ба ин кори ронандагон одат кардаанд. Агар мусофирон бақияи роҳкироро аз ронандагон пурсон шаванд, дар баъзе мавридҳо ронандагон нархи роҳкироро дар микроавтобусҳо худсарона  2 сомонӣ  арзёбӣ карда, дағалона мегӯянд, ки «танга надорем, майда дошта бошӣ, равон кун». Ин ҳолатҳо боис мегарданд, ки байни  ронандагону мусофирон нофаҳмӣ сар зананд ва аксаран бо моҷаро мепечад. Ҳол он ки дар толори воситаҳои нақлиёт нархномаи хизматрасонӣ дар хатсайр  насб карда шудааст. Мутаассифона, дар аксар маврид ронандагон ин нархномаҳоро, ки гӯё ба мошинашон онҳоро барои тамошо часпонда бошанд, ба эътибор намегиранд. Мусофирон аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда наметавонанд  ва ҳуқуқҳои онҳо аз сӯи ронандагон поймол мегарданд.

Вакили Парлумон: бақияи роҳпулии мусофирон ба куҷо меравад?

Абдухали ГаффоровПроблемаи надодани бақияи роҳкирои мусофирон дар микроавтобусҳо ва автобусҳои пойтахт, ки аз соли 2011 вуҷуд дорад ва он то ҳанӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст,  дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ҳам баъд аз  гузашти шаш сол аз назари вакилони мардумӣ дур намонд. Ин аст, ки чанде қабл ҳангоми баррасӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» вакили Маҷлиси намояндагон  Абдуҳалим Ғаффоров масъалаи мазкурро ба миён андохта, гуфт, ки  ронандагони микроавтобусҳо аз меъёр зиёд мусофир мегиранд   ва нисбат ба ин масъала Бозрасии давлатии автомобилӣ /БДА/  бетаваҷҷуҳӣ зоҳир  мекунад. Инчунин нархи роҳкиро, ки   расман 1 сомонию 60 дирам муқаррар  гардидааст,  дар аксар маврид риоя намегардад. Ронандагон бақияпулии мусофиронро намедиҳанд. Вакили Маҷлиси намояндагон Абуҳалим Ғаффоров  таъкид кард, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2016  аз ҳисоби надодани 40 дирамӣ бақияи роҳкирои  113 ҳазор мусофир ин маблағ 93 миллион сомониро ташкил додааст. Пурсида мешавад, ки  ин миқдор  маблағи  мусофирон ба куҷо рафтааст?  Бозрасии давлатии автомобилии мамлакат нисбат ба ин масъала чӣ тадбирҳо меандешад?

Дар посух ба саволҳои вакили Парлумон муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ,  генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода  гуфт, ки воқеан мушкилии аз меъёр зиёд гирифтани   мусофирон  дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ҷой дорад ва дар асоси Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ронандагоне, ки аз меъёр  зиёд мусофир мегиранд,  ҷарима таъйин карда мешавад. «Масъалаи надодани бақияи роҳкирои мусофирон ба ваколати БДА вогузор нест»,- гуфт генерал Аламшозода.

IMG_0331Дар ин росто ҷиҳати кушодани масъалаи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» ба масъули яке аз ниҳодҳои  марбута, ки нархҳои танзимшавандаву муқарраршударо дар бозори истеъмолӣ ба танзим медарорад- сардори шуъбаи Хадамоти  зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов муроҷиат кард.

Сардори шуъбаи зиддиинҳисории пойтахт фикри вакилро инкор карда, иброз дошт, ки  бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии пойтахт  мушкилоти надодани 40 дирам бақияи роҳкирои  мусофирон дар бархе аз хатсайрҳо ва 30 дирам дар троллейбусҳо ҷой дорад. «Мавриди таъкид аст, ки  надодани бақия  на дар ҳама хатсайрҳо вуҷуд дорад. Зеро ҳаққи роҳкиро дар тамоми хатсайрҳо 1 сомонию 60 дирам муқаррар карда нашудааст ва дар бархе хатсайрҳо камтар ва устувор мебошад. Аз ин лиҳоз, аз рӯи мусофиргардиш ҳисоб кардани 40 дирами бақияпулии роҳкиро ва ба андозаи 93 миллион сомонӣ ҳисоб кардани маблағҳои барзиёд супоридаи мусофирон аз ҷониби вакили Парлумон нодуруст мебошад»,- мегӯяд Дилшод Қурбонов.

Масъули  Хадамоти зиддиинҳисорӣ фикри вакили Парлумонро инкор намуд. Мавсуф гуфт, ки дар баъзе аз хатсайрҳои дигари нақлиёти мусофиркашонӣ, ки маблағи роҳкиро 1 сомонию 20 дирам муқаррар карда шудааст, баръакс  20 дирам аз мусофирон ситонида намешавад. «Ҳам аз тарафи ронандагон ва ҳам аз сӯи мусофирон баҳонаи камбуд ё набудани дирам пеш оварда мешавад. Дар баъзе  ҳолатҳо, ҳангоми талаб кардани бақияпулӣ аз мусофирон бар ивази гирифтани 1 сомонию 60 дирам 1 сомонӣ гирифта мешавад. Ҳолатҳои дағалона муносибат намудани ронандагон, аксаран муносибати дағалонаи кондукторон бо мусофирон асосан сари масъалаи хизматрасонӣ, надодани бақияпулӣ рух медиҳанд, ки ҳангоми муроҷиат ба сохторҳои шаҳрӣ ба таври ҷиддӣ чораандешӣ мегардад»,-гуфт Дилшод Қурбонов.

Мусофирон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунанд

Барои таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби шуъбаи зиддиинҳисории шаҳри Душанбе  ба тамоми ҷамъияту корхонаҳои мусофиркашонӣ Амрнома ирсол гардида, дар он талаб карда шудааст, ки дар дохили воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ  маълумотномаи комилро, ки дарбаргирандаи иттилоот дар бораи ҷамъияти хизматрасон, ному насаби ронанда, ҳаракати хатсайр, нархи роҳкиро ва шумораҳои телефонҳои сохторҳои  марбута мебошад,  насб намоянд.  «Дар дохили нақлиёти хатсайрҳо  бо забони оммафаҳм иттилоияи алоҳида дар мавриди ҳангоми надодани бақияпулӣ ба шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намудан насб гардидааст. Яке аз фишангҳои таъсиррасон- усули расонидани маълумот дар бораи хизматрасонӣ, нархи он, иҷрокунандаи хизматрасонӣ ва пешниҳоди номгӯи сохторҳои ба арзу шикоятҳо расидагикунанда аст, ки назорати босифати ҷамъиятию  давлатиро таъмин менамояд.  Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо мусофирон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунанд, бақияи роҳкироро намепурсанд ва ё ба нархномаҳои насбгардида аҳамият намедиҳанд»,  мегӯяд Д. Қурбонов.

       Ба саволи он ки оё шаҳрвандон ба шуъбаи зиддиинҳисорӣ бо арзу шикоят дар масъалаи надодани бақияи роҳкиро муроҷиат менамоянд ё не,  Дилшод Қурбонов ҷавоб дод, ки  рӯзе  аз 3 то 6 арзу шикоят аз ҷониби мусофирон ба онҳо ворид мегардад, ки бештари онҳо ба надодани бақияи роҳкиро,  муносибати дағалонаи ронандагон,  баланд кардани  суръати  ҳаракат дар роҳҳо ва аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон рабт дорад.

Ҷарима бастан  танҳо роҳи ҳалли масъала нест

       Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, ки  моддаи 555-и Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  риоя накардани  нархҳои  муқарраргардида нисбат ба шахсони  ҳуқуқӣ  ва соҳибкорон ҷарима муқаррар намудааст.  Тибқи он ба соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент  ба мусофиркашонӣ машғуланд, ҳангоми  риоя накардани  нархҳои  муқарраргардида  аз 20 то 40 нишондиҳанда (як нишондиҳанда 50 сомонӣ)  барои ҳисобҳо, муодил ба 1000 то 2000 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Ин нишондод ба шахсони мансабдор  аз 50 то 60 нишондиҳанда,  барои соҳибкорони инфиродие, ки  дар асоси шаҳодатнома  кор мекунанд, аз 60 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз ду то се ҳазор   нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар мавридҳои  беасос баланд бардоштани нархи роҳкиро ҷарима муқаррар кардааст.

 Дар давоми соли 2017 кадом ҷамъияту корхонаҳои мусофиркашонӣ  дар пойтахт  ҷарима шудаанд?

    СтайрексДилшод Қурбонов мегӯяд, ки   нисбат ба  ККВД «Автобус-3»   (барои камбудиҳо дар хатсайри №43), ҶДММ «29 27» (барои хатсайри микроавтобусҳои №8 33),   ККВД «Автобус 1» барои риоя накардани нархҳо дар  автобуси № 3А ва микроавтобуси №52, ҶСК «Нақлиёт»  микроавтобуси №28,   19,   ҶДММ «Беҳрӯз-15 » -хатсайри 25 ,  ҶДММ «Сорбон-14» хатсайри 15 ва 42, дар ҳаҷми аз 10 то 17,5 ҳазор сомонӣ  ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима татбиқ карда шудааст.  «Дар масъалаи пули майда  ё танга бояд гуфт, ки худи ронандагон бояд бо он таъмин бошанд ва роҳбарони корхонаҳои мусофиркашонӣ низ дар таъмин намудани ронандагон бо танга мусоидат намоянд. Агар мусофирон низ бо худ пули майда мегирифтанд, кори хуб мешуд»,- гуфт Дилшод Қурбонов.

Нархномаи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои пойтахт

       Масъули  шуъбаи Хадамоти  зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе  мегӯяд, ки нархи роҳкиро дар тамоми воситаҳои  нақлиёти мусофиркашонии пойтахт  яксон нест. Он ба хароҷот ва масофаи хатсайри микроавтобус   ва автобусҳо вобаста аст. Масалан, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз моҳи майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир  дар шаҳри Душанбе ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳои  № 1,  2,  8, 10,  14,  16,  18,  19,  25,  28,  33 ва  54, ки аз 13 то 18 км  масофа доранд, «экспрессҳои  1+1А,   2+2А,   8+8А,  10+10А,   14+14А,   16+16А, 18+18А,  19-19А,   25+25А,   28+28А,   33+33А,  54+54А  ва автобусҳо дар хатсайрҳои  №№1, 3А, 8,  18, 37,  ки аз  10 то 19 км  масофа доранд, «экспресс №№ 1,  3А,  8,  18,  37»,  мутаносибан  бо тарифи  1 сомонию 60 дирам, 1 сомонию 20 дирам ва микроавтобуси ГАЗел (бо гази моеъ) дар хатсайри №18, «Экспресс №18+18А» 1 сомонию 20 дирам бидуни таваққуф аз нуқтаи аввал то охири хатсайр  муқаррар гардидааст. Инчунин ҳаққи роҳкиро дар автобуси хатсайри №№ 3А,  11, 14,  20,  23, 26, 27, 30- 60 дирам, микроавтобусҳои ГАЗел ва Хундай Старекс (бо бензин ва сӯзишвории дизелӣ)  дар хатсайрҳои №№4, 5, 7, 11, 12, 13, 15, 17,  21, 22,  24, 26,  34,  43,  44,  52,  55,  67 як сомонӣ ва микроавтобусҳои ГАЗел дар хатсайрҳои 5 ва 22 ҳафтод дирам, дар хатсайрҳои  микроавтобусҳои №№1, 1А,  2, 2А, 8, 8А, 10, 10А, 14, 14А, 16,  16А, 18,  18А,  19, 19 А,  25,  25А,  28, 28А,  33, 33А,  54,  54А ҳаштод дирам мебошад. Нархи роҳкиро дар автобусҳои №№ 1,  2,  6,  7,  8,  8а,  13, 18,  28,  37,  41  1 сомонию 20 дирам ва дар троллейбус  70 дирам аст.

Кадом табақаҳои ҷомеа ҳангоми истифода аз воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт аз имтиёз бархӯрдоранд?

       Вакилони Маҷлиси Олӣ, вакилони ноҳиявию шаҳрӣ, собиқадорон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ,  маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюб, собиқадорони  хизмати ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зарардидагони фалокати Чернобил ва оилаву кӯдакони бесарабонмондаи онҳо, шахсоне ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегиранд, собиқадорони  амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо, шахсоне ки бо 3 дараҷаи орден барои хизмати Ватан дар Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС мукофотонида шудаанд, ҳангоми истифода аз хизмати воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ аз имтиёз бархӯрдоранд.

Мушкилоти  надодани бақияпулии мусофирон роҳи ҳал дорад?

Сардори шуъбаи зиддиинҳисории шаҳри Душанбе  дар посух ба ин савол гуфт, ки албатта, аз тарафи шаҳрдорӣ нисбат ба ин масъала тадбирҳои асосӣ ва бунёдӣ андешида шуда истодаанд. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аллакай автобусҳои замонавӣ ворид ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Марҳила ба марҳила дар тамоми хатсайрҳо дар радифи  микроавтобусҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ автобусҳои замонавӣ бо риояи талаботи хизматрасонии баландсифат роҳандозӣ шуда, низоми пардохти ҳаққи роҳкиро бо усулҳои замонавӣ коркард шуда истодааст. Ягона роҳи ҳалли масъала гузариш ба низоми муосири пардохти ғайринақдии хизматрасонӣ мебошад, ки ин усул барои пешгирии вайронкунии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, низоми шаффофи воридшавии маблағҳо ва бартараф намудани камбудии надодани бақияпулӣ (пулҳои майда) мусоидат менамояд ва аллакай аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ин самт дастурҳои ҷиддӣ дода шуда,  аз тарафи сохторҳои марбута қадамҳои муассир гузошта мешаванд. Инчунин мусоидат ва ҳамкории сохторҳои марбута, баланд бардоштани  сатҳи маърифати ҳуқуқии  сокинони шаҳр низ барои аз байн бурдани камбудиҳо мусоидати воқеӣ менамояд.

транспорт

Умед аст, ки дар оянда низоми муосири пардохти ҳаққи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ роҳандозӣ гардад. Ин раванд ба манфиати буҷети давлат ва истеъмолкунандагон буда, имкон медиҳад, то мушкилоти пардохти бақияпулии мусофирон дар пойтахти кишвар роҳи ҳалли худро ёфта, дигар байни ронандагон ва мусофирон нофаҳмию ҷанҷол сар назанад ва шаҳрвандон ҳар пагоҳӣ  ҳангоми истифода аз воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ бо табъи болида ба коргоҳ ва макони зарурии худ расанд.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд сохторҳои  марбутаи пойтахт  дар самти баланд бардоштани фарҳангу одоби муоширати ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ҳангоми хизмат расонидан  ба муштариён саҳми муносиб гузоранд, зеро ронандагоне, ки   дар воситаҳои нақлиёти пойтахт ба  мусофирон хизмат мерасонанд, бояд  бо пиндору рафтор ва гуфтори нек, хусусан хушмуомилагӣ  намунаи ибрат бошанд, зеро Душанбе пойтахт  ва як навъ шиносномаи миллат ва давлат аст.

 

Марзия САИДЗОДА

 

 

Май 26, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад