Паҳлавони ҷавони тоҷик Сӯҳроб Боқиев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби мақоми панҷум гардид

Май 26, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  паҳлавони ҷавони  тоҷик Сӯҳроб Боқиев дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо, ки дар  шаҳри Гонконг ҷараён дорад, мақоми панҷумро касб кард. Вай  дар рақобатҳо дар вазни   60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври нимфиналӣ аз  варзишгари Ҷопон Наоҳиса Такато мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз  паҳлавони ӯзбекистонӣ  Мӯҳриддин Тилавов  шикаст хӯрд.

Бояд зикр кард, ки  дар вазни  60 кило  варзишгари ҷопонӣ Наоҳиса Такато ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Рашнонажод бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ёнг Нам Паки кореягӣ ва Мӯҳриддин Тилавови ӯзбекистонӣ барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо дар Гонконг имрӯз варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни  73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Ӯзбекистон) дар даври сеюм аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлу (Эрон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Хотиррасон менамоем, ки  дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо дар Гонконг 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Фахриддин Раҳимов ҳафт  варзишгар  дохиланд: Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

27 май се варзишгари тоҷик — Садр Боев, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов  вориди рақобат мешаванд. Садр Боев дар вазни — 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бо Лояд Деннис Катипон аз Филиппин рақобат мекунад. Аввалин рақиби Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кило Алдикан Ғанам мебошад, ки ӯ таҳти парчами Федератсияи байналмилалии дзюдо ба майдон меояд. Саидҷалол Саидов аввалин рақобаташро бо ғолиби ҷуфти Ҳусейн Шоҳ (Покистон) Ҷун Занг (Чин) анҷом медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин намуди мусобиқаҳо ҳамагӣ 14 медал-  1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ  ба даст овардаанд.

 

 

Май 26, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт