Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, семинар 16 май оғоз ёфта, то 19 май идома ёфта, дар кори он сармеъморони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ва мутахассисони соҳа иштирок доранд.
Яке аз масъулони семинар Меҳрбой Саидов дар хусуси таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд иброз дошт, ки семинари мазкур аввалин набуда, чанде қабл дар ҳамкорӣ бо намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа чунин семинарҳо баргузор гардиданд.
Мавзӯи омӯзишии семинар 4 рӯз идома ёфта, он аз қисматҳои назарявию амалӣ иборат аст.