Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш: «Бадахшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон яке аз минтақаҳои зеботарин аст»
ХОРУҒ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз кӯли Сарези водии Бартанг дидан кард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ВМКБ.
Дар ин сафар ӯро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар сарбанди ин кӯл меҳмононро раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед истиқбол гирифт.
Бояд тазакур дод, ки ин сафар дар доираи амалӣ намудани барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ташкил гардида буд. Барномаи мазкур аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз тарафи СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардид. Дар ҳоле, ки чандин кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, кӯли Сарез дорои 17 миллиард метри мукааб оби тоза буда, истифодаи дуруст ва бехавфи он метавонад мушкили беобиро дар ояндаи наздик аз байн барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолиаш ба ин масъала диққати зарурӣ дода, аз деҳаи Япшорв ба деҳаи Барчидев, ки дар зери сарбанди Усой қарор дорад, роҳи мошингард кушод. Бо кумаки Созмони байналмиллалии ФОКУС ду пули пиёдагард аз болои дарёи Бартанг, ки оби он аз Сарез ҷорӣ мешавад, сохта шуданд.
Зебогии кӯли Сарез ва манзараҳои атрофи он меҳмононро ба ваҷд овард. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, ки Бадахшон на танҳо як минтақаи зебои Тоҷикистон, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Пас аз тамошои кӯли Сарез ва сарбанди он Дабири кулли СММ бо хушҳолӣ гуфт, ки мо ҳамасола барои бунёди обанборҳо дар нуқоти мухталифи олам маблағҳои калон масраф мекунем, аммо барои шумо Худованд обанбори ройгон бунёд кардааст. Аз он ки шумо ин пиряхҳову обҳои поку мусаффо ва табиати афсонавии диёратонро ҳифзу нигаҳдорӣ мекунед, боиси таҳсину ташвиқ аст.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






