Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Арманистон
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ “Ховар”/. 14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Арманистон баргузор гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, боло бурдани ҳачми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шарикони нав ба хотири равобити дуҷониба мебошад.
Дар рафти ҳамоиши тиҷоратию соҳибкорӣ аз ҳар ду ҷониб имкониятҳои фарохи ҳамкории оянда, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таъсиси коргоҳҳои муштараки коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои ҳамдигар, истифодаи имкониятҳои муфиди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди бахши сайёҳӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар ҷараёни кори форум ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин аъзошавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз баррасӣ шуд.
Аз руйи натиҷаҳои кори форуми тиҷоратӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арманистон дар маҷмуъ 8 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум байни Биржаи Фондии “Осиёи Марказӣ” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Биржаи Арманистон” оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар биржа ва табодули иттилоъ, Созишнома байни корхонаи “Силкоат бойяи Суғд” ва Ширкати армании “Санасарян” дар бораи дастрас кардани маҳсулоти рангуборкунӣ, Ёддошти тафоҳум байни ҶДММ “Баракати Исфара” ва ҶДММ “Сонагро”-и Арманистон дар бораи дастрас кардани меваҳои хушк ва чормағз, Ёддошти тафоҳум байни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Арманистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маъданҳои куҳӣ”, Ёддошти тафоҳум байни ҶДММ “Баракати Исфара” ва ҶДММ “Овали пластик”-и Арманистон барои ба Тоҷикистон дастрас кардани зарфҳои пластикӣ, Созишнома байни КВД “Талко” — и Тоҷикистон ва Донишкадаи славянии Россияву Арманистон “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди ашёи хоми хокаи алюминий”, Ёддошт байни ҶДММ “Тоҷиктур” ва ҶДММ “Аспар вилд тур”-и Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва Ёддошти тафоҳум байни ҶСК “Кафолат”- и Тоҷикистон ва ҶДММ “Снабтур”-и Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арманистон боз як қадами устувор дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар буда, барои тақвияти гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам месозад.








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






