Масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи доимоамалкунанда баррасӣ гардид

Июнь 16, 2017 18:01

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи 4-уми Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва намояндагони доираи соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Аъзои Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои таъиноти ҷаласаи сеюми Комиссия, ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ оид ба тадбирҳои анҷомдодашуда, фаъолияти истеҳсолии  корхонаҳои алоҳида  ва саҳми онҳо  дар коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дўзандагӣ, инчунин   имкониятҳои мавҷудаи рушди содироти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Таъкид гардид, ки масъалаи тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот аз дастуру супоришҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадаф аз он дастгирии соҳибкории ватанӣ ва ҳимояти молистеҳсолкунандагон мебошад.

Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот Қоҳир Расулзода  аъзои Комиссия ва дигар масъулони дахлдорро барои таъмини саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор карда, дар доираи иҷрои ин дастуру супоришҳо афзуннамоии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони мамлакатро талаб намуд.

Июнь 16, 2017 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид