Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода: «ВАО дар тарғиби забони давлатӣ нақши назаррас доранд»

Июнь 22, 2017 15:20

«Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Воситаҳои ахбори омма дар тарғиби забони давлатӣ нақши назаррас доранд. Мутаассифона, вақтҳои охир дар баъзе аз нигоштаҳои матбуоти даврӣ ва барномаҳои радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ риоя нагардидани меъёри забони адабӣ масъулин, коршиносон ва олимони соҳаро ба ташвиш овардааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ намуда, вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар рӯзномаҳои даврӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод. Кумита бо мақсади рафъи камбудиҳои ҷойдошта баргузории ҳамоишро бо иштироки васеи намояндагони матбуот тарҳрезӣ намуд ва бо мақсади ҷалби бештари рӯзноманигорон ба ин маъракаи машваратию омӯзишӣ эълони баргузории ин мизи мудавварро як моҳ пеш аз баргузории он тавассути сатри равон дар ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ таъмин намуд. Ҳамчунин ба ҳамаи нашрияҳо мактуби расмӣ ва даъватномаҳоро барои иштироки намояндагони онҳо пешакӣ ирсол намуда буд. Вобаста ба натиҷаи таҳлилу омӯзишҳои мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот олимони соҳаи забоншиносӣ маърӯзаҳои илмӣ-оммавӣ омода карда буданд. Дар назар дошта шуда буд, ки аз ҳар як нашрияи даврӣ бо нишон додани хатогиҳои маъмулӣ намунаҳо оварда мешаванд.
Баргузории ҳамоиш нимаи аввали рӯзи 20 июни соли равон дар толори Академияи ВАО ба нақша гирифта шуда буд. Боиси таассуф аст, ки бо сабаби ба ҳамоиш наомадани намояндагони матбуоти даврӣ баргузории он бо иштироки васеи рӯзноманигорон ба вақти дигар гузошта шуд.
Барои иштирок дар мизи мудаввар намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи миллӣ, олимони соҳаи забоншиносӣ Баҳриддин Камолиддинов, Шаҳбоз Кабиров, Рустам Ваҳҳобзода, намояндагони Академияи ВАО бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва таҳлили амиқи рӯзномаҳо ҳузур доштанд.
Сармуҳаррирон, муҳаррирон, котибони масъул ва ходимони адабии матбуоти даврии кишвар, ки мизи мудаввар маҳз барои онҳо ва беҳтар намудани вазъи риояи муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар рӯзномаҳои даврӣ нигаронида шуда буд, бо сабабҳои номаълум ба ҳамоиш ҳозир нашуданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода дар ин маврид дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «Ҳамчун як рӯзноманигор маро наомадани намояндагони матбуоти даврӣ ба ин ҳамоиши барояшон бисёр муҳим, ки дар он масъалаи нигоҳ доштани асолат ва риояи меъёрҳои забони адабӣ баррасӣ мегардид, дар таассуф гузошт. Рисолати аввалини ҳар рӯзноманигор, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳамин забон буд, ки моро ҳамчун миллат дар фарози таърих нигоҳ дошт. Пас ин амали онҳоро чӣ гуна бояд маънидод кард?!
Новобаста ба ин ҷамъомадагон мавзӯи мавриди назарро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён изҳор намуд: «Дар асоси банди 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Мутаассифона, ходимони адабӣ, муҳаррирон ва сармуҳаррирони матбуоти даврӣ талаботи қонуни мазкурро пурра риоя намекунанд».
«Мо мехостем ба сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ иттилоъ диҳем, ки дар саҳифаҳои матбуот калимаҳои арабии ба омма номафҳум зиёд гардидаанд, ки он боиси мушкил ва норозигии хонандагони рӯзномаю маҷаллаҳо гардидааст », — афзуд С. Матробиён.
Дар ҷамъомад Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ба ҳозирин аз ҳамаи нашрияҳои даврӣ саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоеро, ки аз ҷониби коршиносони Кумита хатоҳои имлоиву мантиқиашон ислоҳ гардида буд, нишон дод. Дар онҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя нагардида буданд ва онҳо ба хеҷ ваҷҳ набояд дар ин шакл пешниҳоди хонандагон мегардиданд.
Гавҳар Шарофзода ҳамчунин зикр кард: «Мақсади баргузор намудани мизи мудаввар ба ҳамкорӣ даъват намудани рӯзноманигорон бо Кумита ва ислоҳи вазъи мавҷуда мебошад. Зеро таблиғгари забон ва фарҳанг, пеш аз ҳама, намояндагони матбуот мебошанд ва истифодаи нодурусти калима ё ислоҳот дар саҳифаҳои матбуот оқибатҳои ногувор дошта метавонанд».
Профессори Донишгоҳи миллӣ Баҳриддин Камолиддинов дар ин маврид зикр кард: «Вақтҳои охир дар баъзе рӯзномаҳо меъёри забони адабӣ риоя намешавад. Як сабаби риоя нашудани меъёрҳои забони адабиро аз тақлидкории баъзе журналистон медонам, ки фаҳмида-нафаҳмида калимаҳову истилоҳоти аз ҳамзабонони ҳамсоя шунидаи худро дар забони рӯзномаҳо ҷорӣ кардан мехоҳанд. Ин кор дуруст нест, зеро забони адабии тоҷикӣ ба забони ҳазорсолаи классикӣ наздик аст. Забони тоҷикии мо дар фасоҳату шевоӣ беназир аст. Мо бояд ин забонро қадр кунем, асолати онро ҳифз намоем. Намояндагони матбуоти даврӣ то имрӯз дар ин амали наҷиб нақши босазо доштанд ва умедворем, ки насли нави матбуоти тоҷик низ идомадиҳандаи он аст».
Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорони он вобаста ба мавзӯи матраҳшуда якчанд дархосту таклифҳои муфидро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки забони рӯзномаҳои даврие, ки ба меъёри забони адабӣ ҷавобгӯ нест, дар доираи талаботи қонун фаъолияташон боздошта шуда, омӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои кормандони матбуоти даврӣ мунтаззам ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар рекламаҳои рӯзномаҳою маҷаллаҳо тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.

Рухсораи НУР

Июнь 22, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад