Вазири корҳои хориҷии Швейтсария Дидйе Буркхалтер: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд»
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҳукумати Швейтсария таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дидйе Буркхалтер аз гӯшаи (павилйони) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусигардонидашудаи «ЭКСПО-2017» дар Остона дидан кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов ба таваҷҷуҳи меҳмонон навори видеоиеро бо шарҳи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пешкаш намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз марказҳои пешбари «дипломатия дар соҳаи об» дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои СММ оид ба масъалаҳои об махсус таъкид гардид. Ҳамчунин ба ташаббуси ҷаҳонии нави Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии СММ дар Душанбе як зумра чорабиниҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба масъалаи об баргузор гардиданд.
Одил Сангов иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, дар бораи захираҳои оби мамлакат маълумот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯи ҳаҷми захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 3-юм ва дар ҳудуди ИДМ ҷои 2-юмро ишғол мекунад. Захираҳои умумии солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 600 миллиард киловатт/соат-ро ташкил медиҳанд.
Ба меҳмонон ҳамчунин дар бораи Барномаи комплексии мақсаднок доир ба истифодабарии васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дурнамои рушди энергияи офтобӣ маълумот дода шуд.
Дидйе Буркхалтер бо экспозитсияи Тоҷикистон батафсил шинос шуда, чунин зикр кард: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд. Швейтсария ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз ҷиҳати табиати нотакрори кӯҳӣ, дарёҳои пурмавҷ, кӯлҳо, манбаъҳои обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвонот ба ҳам монанд мебошанд».
Ӯ ҳамчунин хотироти худро дар Китоби меҳмонони фахрӣ қайд карда, аз ҷумла, чунин нигошт: «Дар Павилиони Тоҷикистон зебогии кушвари кӯҳи ба пуррагӣ нишон дода шуда, иқтидори он инъикос ёфтааст. Ман дар шаҳри Душанбе будам, дарҳақиқат пойтахти Тоҷикистон бисёр зебо аст ва ботадриҷ рушд мекунад».
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» дар Остона аз 10 июн то 10 сентябр ҷараён хоҳад дошт. Дар доираи ин чорабинӣ дастовардҳои нави илм дар соҳаи рушди «энергияи сабз» ба намоиш гузошта мешаванд.








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






