20 июл–Рӯзи байналмилалии шоҳмот: дар Тоҷикистон ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд доранд
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 20 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот таҷлил карда мешавад. Шоҳмот бозии қадима ва миллии халқҳои форсизабон буда, он дар асри шаш пайдо шудааст. Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳрии Тоҷикистон Илҳом Юнусов иброз дошт, солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд доранд ва ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ чандин мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот гузаронида мешаванд.
«Бахшида ба Рӯзи байналмилалии шоҳмот Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳрии Тоҷикистон баргузории якчанд мусобиқаҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни мардон доир гардид, ки дар он 44 нафар шоҳмотбозон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, 7 нафар ғолибони мусобиқа барои иштирок дар даври ниҳоии Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки байни мардон моҳи августи соли равон дар вилояти Суғд баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд»,- гуфт Илҳом Юнусов.
Ба гуфтаи номбурда, соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали намудҳои варзиши миллӣ баргузор гардид, ки дар он бори аввал бозии шоҳмот ҳамчун намуди варзиши миллӣ ворид карда шуд ва дар он тамоми ҷавонону наврасоне, ки ба ин намуди варзиш майл доштанд, иштирок карданд.
Ҳамчунин 24 июни соли равон дар бинои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи АМИТ «Ховар» баргузор гардид, ки мақсад аз доир намудани мусобиқа тарғиби ин намуди варзиш байни ҷавонон мебошад.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳрии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии шоҳмот аз 21 то 23 июли соли равон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни маъюбон доир мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






