Аҳтам Абдуллозода: «Як худи ҳамин сол ба Комроншоҳ Устопириён барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ наздик ба 95 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст»
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гуруҳи корӣ варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳ Усторпириёнро барои риоя накардани меъерҳои ахлоқӣ дар рафти қувваозмоӣ ба муддати 2 сол аз ширкат кардан дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум намудааст. Ин нуктаро 13 июли соли равон зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон тавзеҳ дод.
Ба иттилои номбурда, қароре, ки нисбати варзишгар Комроншоҳ Устопириён қабул гардид, қарори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон не, балки қарори гурӯҳи корие буд, ки дар доираи фаъолияти мутахассисони варзидаи варзиш, зери роҳбарии чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров ва дар ҳайати намояндагони федератсияҳои варзишӣ, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд, қабул гардидааст.
«Ин қарор қарори гурӯҳи корӣ мебошад. Дар вақти баррасӣ гардидани тамоми паҳлӯҳои қазия худи Комроншоҳ Устопириён ва падараш, ки муррабиаш аст, даъват шуданд ва ҳар сонияи навори видеоиро дида, баррасӣ карданд. Ба хулоса омаданд, ки довар дар ҳаққи варзишгар ба ноҳақӣ роҳ надодааст»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, Комроншоҳ Устопириён то ба имрӯз аз ҷиҳати молиявӣ дар доираи маблағҳои буҷаи давлатӣ дастгирӣ мешавад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон наздик ба 95 ҳазор сомонӣ барои иштироки ин варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф шудааст.
«Дар чор соли гузашта аз ҳама бештар варзишгар Комроншоҳ Устопириён, ба андозаи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ, маблағгузорӣ гардид, ки ин миқдор маблағ аз сарчашмаҳои гуногуни буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст. Бояд гуфт, ки дар 4 соли гузашта маблағгузорие, ки ба Комроншоҳ Устопириён сурат гирифтааст, ба Дилшод Назаров ин миқдор маблағгузорӣ набуд», баён дошт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.
Бино ба гуфти номбурда, барои ҳар як миллат ахлоқ дар ҷои аввал меистад ва дар ҷомеаи имрӯза варзишгорон шахсе ба ҳисоб мераванд, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва онҳо бояд ҳам маҳорати баланди варзишӣ дошта бошанд, ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам хулқу ододи накӯ.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён дар Мусобиқаи гуштии «Ҷоми Пойтахт – 2017», ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе гузаронида шуд, иштирок намуда, дар рафти қувваозмоӣ, мутаассифона, меъерҳои ахлоқиро дағалона вайрон намуд: ӯ рақиби худ ва доварро дар майдон, дар ҳузури садҳо нафар тамошобинон бо ишораи даст дашном дод. Гуруҳи корӣ ин амали варзишгарро маҳкум намуда, паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ дар кишвар маҳрум намуд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад






