Аъзои пайваста ва вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Июль 17, 2017 16:32

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид (антропологияи фалсафӣ), Раиси КДАМ ҶТ  Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), Сардори Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих), муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардиданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, 14 июл  дар ин ҷо  бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ, пурзӯр намудани роҳбарии таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи аъзои пайваста  (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо доир гардид.

«Интихобот тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир  шуд»,-илова намуд манбаъ.

Дар натиҷа Ҳикмат Муминов (физика), Зарулло Раҳмонов (математика) ва Юсуфшо Яқубов (таърих) аъзои пайваста (академикҳо)-и  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ба иттилои Раёсати Академияи илмҳо, Гулчеҳра Қоҳирова (астрономия), Абдураҳмон Муҳаммад (сиёсатшиносӣ), Сахидод Раҳматуллозода (забоншиносӣ), Абдусаттор Саидов (зоология), Сайфиддин Назарзода (забоншиносӣ), Қозимамад Абдуламонов (генетика), Ҳабибулло Абдуллоев (физикаи назариявӣ), Абдулхайр Бадалов (химияи ғайриорганикӣ), Тошбой Бобоев (физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Саидалӣ Гулов (растанипарварӣ), Сайфиддин Давлатзода (ботаника ва экология), Хайридин Идиев (фалсафаи иҷтимоӣ), Худоӣ Шарифов  (адабиётшиносӣ), Бахшулло Ҷумъаев(физиология ва биохимияи растаниҳо), Шарофиддин Тӯйчиев(физикаи ҳолатҳои конденсӣ), Абдулло Табарӣ (математика), Мирзоҳасан Султонов (забоншиносӣ), Тағоймурод Салиҳов (физикаи назариявӣ), Лутфилло Саидмуродов (иқтисодиёт), Исматулло Раҳимов (химияи дорусозӣ), Сулаймон Исҳоқов (математика), Зайнолобуддин Кобулиев (экологияи муҳити зист), Аламхон Кўчаров (адабиётшиносӣ),  Умархон Мадвалиев (физикаи таҷрибавӣ), Дилрабо Мансурӣ (мошинсозӣ), Музаффар Муҳаммадалӣ (антропологияи фалсафӣ), Эмомалӣ Насриддинзода (ҳуқуқшиносӣ), Ҳайдаршо Пирумшоев (таърих) ва Маҳмад Раҳимзода (ҳуқуқшиносӣ) аъзои вобастаи (аъзо-корреспонденти) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

 

Июль 17, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд