Дар нимсолаи аввал 3 ҳолати ғайриқонунии шикори Марко Поло ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон 66 сар гӯсфанди Марко Поло шикор шуда, наздики 3 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар мавсими соли 2017 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори Марко Поло 85 квота ҷудо шуда, нархи ҳар яки он 45 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Абдуқодир Маскаев баён намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз тарафи шаҳрвандони кишвар 3 ҳолати шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло ба қайд гирифта шудааст.
«Тибқи тавсияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо 7 вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки дар соли оянда бояд барои 85 сар гӯсфанди Марко Поло, 12 сар бузи пармашох, 3 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал) ва 10 сар хирси малла квота ҷудо карда шавад», — гуфт сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






