ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Бангладеш ғалаба ба даст оварда, дар гуруҳи «Е» ба ҷои аввал баромад!

Июль 22, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «Е»  дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бар дастаи ҷавонони Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин  бозӣ   дар шаҳри Хеврони Фаластин   баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қисми аввали бозӣ бо ғалабаи дастаи мунтахаби  ҷавонони  Бангладеш бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт, вале футболбозони мо дар қисми дуюм бартарӣ нишон дода, ба дарвозаи ҳариф 3 гол заданд. Тубҳоро Амирҷон Сафаров, Нозим Бобоҷонов ва Зоир Ҷӯрабоев ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки  19  июл дастаи мунтахаби футболи  ҷавонони Тоҷикистон  дар марҳилаи интихобии Ҷемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «Е» бозии аввалашро бо дастаи мунтахаби ҷавонони Фаластин  бо ҳисоби  мусовӣ  2:2  анҷом дода буд.

Ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби футболи  ҷавонони Тоҷикистон дастаи Урдун аст. Бозӣ фардо,  23 июл   баргузор мешавад.

Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «Е» дастаи мунтахаби футболи  ҷавонони Фаластин бар  дастаи мунтахаби футболи  ҷавонони Урдун бо ҳисоби  3:2 ғолиб омад.

Акнун Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳ бо 4 хол садрнишин аст. Фаластин ҳам, ки 4 хол дорад, дар ҷои дуюм, Урдун бо 3 хол дар мақоми сеюм мавқеъ доранд.

Июль 22, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад