Имрӯз 10 июл, душанбе, 191-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 174 рӯзи дигар боқӣ мондааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
10 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардидааст.
***
8 сол муқаддам, 10 июли соли 2009 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии мавҷуда дар роҳи транзити озоди молу маҳсулот, одамон ва хизматрасониҳо баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд ва бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони НБО «Роғун» аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи «Роғун» барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад».
***
Инчунин 10 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзен раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои муассири дастгирии байналмилалии омилҳои рушддиҳанда ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
***
10 июли соли 2015 дар доираи баргузории ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфа Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ғояи бунёди «Камарбанди иқтисодӣ»-и Шоҳроҳи Абрешим пуштибонӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд: «Дар раванди рушди навовариҳо робитаҳои минтақавӣ ва соҳибкории хурду миёна метавонанд нақши локомотиви пешбарандаро бар ӯҳда дошта бошанд».
10 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Магам – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Мавритания — Рӯзи армия.
***
Дар Монголия – Рӯзи Парчами давлатӣ.
РӮЙДОДҲО:
10 июли соли 2012 ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом додааст.
***
10 июли соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов беҳтарин футболбози Россия интихоб гардид.
***
170 сол муқаддам, 10 июли соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Америка рафтаанд.
***
Дар ин рӯзи соли 1925 Агентии Телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шудааст.
***
10 июли соли 1956 Федератсияи бозиҳои дастии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.
***
46 сол пеш, 10 июли соли 1971 дар Марокко табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад.
***
10 июли соли 2007 аввалин маротиба дар давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шудааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштакро истифода бурдааст. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.
***
Соли 1913 дар Иёлати Калифорнияи ИМА ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шудааст.