МАРҲАБО, БА БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ! Барномаҳои консертӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Истқилолият баргузор мешаванд

Июль 14, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Ба ифтихори  Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ,  15- уми июли соли равон соати 18:00 дар Боғи «Ирам», Боғи «Парчами давлатӣ», Боғи «Рӯдакӣ», майдони 800-солагии Москва ва амфитеатри «Аҳорун» бо иштироки ҳунарпешагони ансамблҳои «Лола», «Базморо», раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ барномаҳои консертии ҷолиб манзури тамошобинон мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми июли соли ҷорӣ бошад, соати 18:00 дар Боғи «Дӯстӣ», Боғи «Рӯдакӣ», Боғи «Парчами давлатӣ» ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертии навбатӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки ин навбат баҳри болидахотирии тамошобинон ҳунарпешаҳои ансамбли тарона ва рақси «Сомон», шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.

Июль 14, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид