ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАМАДДУНЕСТ ДАР ЧОРРОҲАИ ТАМАДДУНҲО: муаррифии нашри тоҷикии китоби Стивен Старр «Маърифати гумшуда» дар Душанбе

Июль 5, 2017 16:51

          «Омӯхтани  таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардии ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ-хоҳ дурахшон бошад, хоҳ хира, сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад».

                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

         ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби донишманди шинохтаи амрикоӣ  Стивен Фредерик  Старр «Маърифати гумшуда — асри тиллоии  Осиёи Марказӣ  аз истилои араб то Темурланг» («Central Asia’s Golden Age from the Arab Conquest to Tamerlane»),  ки аз ҷониби профессори тоҷик Абдусалом  Мамадназаров аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, муаррифӣ гардид.

Китоби «Маърифати гумшуда» дар нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе  бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр  шудааст.  Дар маросими муаррифии ин  асари таърихӣ намояндагони Парлумони Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии  муқими Тоҷикистон ва донишмандони тоҷик иштирок доштанд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард, олимони шинохтаи тоҷик Мамадшо Илолов, Акбар Турсун,  Абдусалом Мамадназаров ва дигарон  доир ба аҳамияти таърихии  асари «Маърифати  гумшуда»  сухан карданд. Зикр шуд, ки китоби «Маърифати гумшуда»  бо забони содаву равон ва оммафаҳм аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Профессори  амрикоӣ  Стивен Фредерик Старр солиёни тӯлонӣ зимни  сафарҳояш ба кишварҳои  минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон  омӯзиш ва таҳқиқоти зиёди бостонию илмӣ  гузаронида,  дар китоби «Маърифати гумшуда»  таърихи  тиллоии 500 –солаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба қалам додааст. Асари таърихии «Маърифати гумшуда» давраи фаромӯшшудаи дастовардҳоро бозгӯ карда,  кӯшиши тафсири зуҳуроти онро  менамояд ва назарияҳои  рақобаткунандаро дар бораи   инқирози ниҳоияш таҳқиқ мекунад.   Китоб  дар заминаи дастовардҳои илмии ҷадид ва бо услуби зиндаю дастрас  навишта шудааст.

«Маърифати гумшуда» асаре мебошад, ки  ҳангоми мутолиааш хонандагон ва мутахассисонро  ба шигифт меоварад. Китоб дар бораи таърих, иқтисоду тиҷорат, фарҳанги шаҳрдорӣ ва дараҷаи камолоти шаҳрҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ, илму фарҳанги пурғановати мардумони ин ҳавзаи тамаддунофар — Осиёи Марказӣ (солҳои 800 – 1200), ки дар  ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ  ҷойгоҳи арзишманд доранд, нақл мекунад.  Дар асар рушди илму фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз  ҳама, дастовардҳои бузурги донишмандону нобиғаҳои оламшумули илмию адабии минтақа  дар риштаҳои илмҳои дақиқ, назири  риёзиёт, тиб, нуҷумшиносӣ, ҷуғрофия, геология, улуми иҷтимоӣ, фалсафа ва  дигар фанҳо ба таври барҷаста инъикос гардидааст.

Гуфта мешавад, ки нобиғаҳои ҷаҳоншумули илмию адабии ҳавзаи  Осиёи Марказӣ асарҳои бузургтарини назмию насрӣ ва илмии ҷаҳонро офаридаанд.  Диаметри кураи Заминро ба дақиқии мислаш диданашуда муайян кардаанд. Ҳангоми мутолиаи «Маърифати гумшуда» хонанда огоҳ мегардад, ки олим ва энсиклопедисти барҷаста Ал –Берунӣ се қарн қабл аз Колумб Амрикоро кашф намуда буд. Китоби «Ал-Қонун фит-тибб»-и Абӯалӣ ибни Сино, ки  дар асрҳои 9 ва 10 навишта шудааст,  дар зарфи беш аз 600 сол китоби рӯимизӣ дар тамоми Донишгоҳҳои бонуфузи тиббии ҷаҳон, бахусус  дар Аврупо буд.

«Маърифати гумшуда»  аз пешгуфтор ва 15 боб,  аз қабили  маркази олам, шаҳргароёни ҷаҳонӣ, сарзамини қадим, деги ҳунарҳо, ақидаҳо ва ҳунарҳо,   чӣ гуна арабҳо Осиёи Марказиро забт карданд ва баъд Осиёи Марказӣ барои забти Бағдод замина тайёр кард,  шамоли шарқӣ аз болои Бағдод,  олимони саргардон, Хуросон ситораи  толеи Осиёи Марказӣ,  Осиёи Марказии шукуфо: сулолаи Сомониён, лаҳзае дар биёбон: Гурганҷ дар давраи  сулолаи Маъмунҳо, туркҳо ба саҳна мебароянд: Маҳмуди Кошғарӣ ва Юсуфи Баласоғунӣ, таппишҳо дар зери  гунбади ҳокимияти  салҷуқӣ, садаи муғул, Темурланг ва ҷонишинони ӯ, бознигарӣ: рег ва садафак иборат мебошад.

Тавре профессори тоҷик Абусалом Мамадназаров, ки китоби «Маърифати гумшуда» -ро аз англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст,  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  асари мазкур  то ба имрӯз наздик ба 20 забони дунё тарҷума ва нашр гардидааст. Профессори тоҷик ин китобро, ки  дар  он давраи эҳё ва тиллоии мардумони Осиёи Марказӣ  таҷассум  ёфтааст,  дар зарфи як сол аз англисӣ ба забони тоҷикӣ баргардонидааст.

Дар маросими муаррифии  нашри тоҷикии китоби «Маърифати гумшуда» ҳамзамон муаллифи асар  муаррих Фредерик  Старр роҷеъ ба аҳамияти таърихии ин китоб ва нақши мардумони Осиёи Марказӣ дар рушди тамаддуни  ҷаҳон маърӯза карда,  ба саволҳои сершумори  донишмандони тоҷик посух гуфт. Зикр шуд, ки Осиёи Марказӣ  чорроҳаи оддӣ нест. Осиёи Марказӣ тамаддунест дар чорроҳаи тамаддунҳо, зеро дар сарзаминҳои ин ҳавза садҳо нобиғаҳои бузургу  беназир ва оламшумули илму фарҳанг ба камол расида, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Стивен Фредерик  Старр донишманди барҷастаи амрикоӣ муаллифи китоби «Маърифати гумшуда» 77 сол дошта (1940),  асогузор ва  сарвари Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ –Қафқоз  ва Барномаи омӯзишии Роҳи абрешим мебошад. Мавсуф 11 сол  президенти коллеҷи  Оберлин, инчунин Донишгоҳи Аспин буд. Фаъолияташро дар соҳаи  бостоншиносии классикӣ оғоз  карда, дар ковишҳои бостоншиносии  Кордиуми Туркия  ва тартиб додани харитаи  роҳи шоҳии Эрон иштирок намудааст.  Фредерик Старр муаллифи 20 китоб ва беш аз 200 мақолаҳои илмию таърихӣ мебошад, ки «Маърифати гумшуда» — асри тиллоии  Осиёи Марказӣ  аз истилои араб то Темурланг (Central Asia’s Golden Age from the Arab Conquest to Tamerlane)  яке аз онҳост.

                                                Марзия  САИДЗОДА

Маърифати гумшуда

Июль 5, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд