Шамсиддин Орумбекзода: «Ҳунармандони тоҷик муаррифгари либоси миллӣ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти он дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла дар самти риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ дар кино ва тарҷумаҳои он, фарҳанги номгузории тоҷик, вазъи имрӯзаи театр ва тарғиби либоспӯшии миллӣ посухҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла дар мавриди ба бар кардани либоси бегона Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода иброз намуд: «Мо бояд арзишҳои миллиамонро пос дорем ва либоси бегонаро тарғиб накунем. Омилҳои зиёде мавҷуд аст, ки ба тарзи фарҳанги либоспӯшии бегона таъсир мегузорад. Яке аз ин омилҳо тақлиди кӯр-кӯрона ба либоспӯшии бегона ва омили дигар ин корҳои ҳадафманд барои тафаккури мардумро вайрон кардан, ки ин аз ҷониби неруҳои бегона роҳандозӣ мегарданд».
Ҳамчунин зикр шуд, ки фарҳанги либоспӯшии миллӣ дар мадди назари аввали роҳбарият ва кормандони соҳаи фарҳанг қарор дорад.
«Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми ҳунармандони мо рӯи саҳна чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар муаррифкунандаи санъати воло ва либоси зебои миллии тоҷикона бошанд. Вазорати фарҳанг бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба аҳли ҷомеа мерасонад, ки аз фарҳанги либоспӯшии бегона худдорӣ намоянд ва ба анъанаву урфу одатҳои бегона пайравӣ накунанд»,-таъкид намуд Вазири фарҳанг.
Ёдрас мешавем, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






