ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 июл, ҷумъа, 209-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 156 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 28, 2017 09:06

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

28 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд. Таҳким ва рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзўъҳои асосии суҳбат буд.

 ***

Инчунин 28 июли соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд. Дар ин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфта буд.

***

8 сол пеш, 28 июли соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.

28 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.

***

Дар Перу – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

28 июли соли 2011  дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода  бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

***

28 июли соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.

***

  28 июли соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд.

***

75  сол муқаддам, 28 июли соли 1942 миллатгароён дар Минск зиёда аз 10 ҳазор нафар  яҳудиёнро ба қатл расонида  буданд.

***

  28 июли соли 1992  дар Афғонистон дар телевизион  баромад кардани занон манъ карда шуд.

***

28 июли соли 1984 Дар Лос- Анҷелоси ИМА бозиҳои XXIII тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд.

ҲАМЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1915 дар Франсия аввалин маротиба ниқоби зиддигазӣ (противогаз) мавриди истифода қарор гирифтааст.

***

Соли 1978 дар Франсия санҷиши ядроӣ гузаронида шуд.

 

Июль 28, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш