ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МЕҲРУБОН САНГИНОВ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ШУД!

Июль 25, 2017 08:33

ДУШАНБЕ, 25.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинови 21-сола  дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ  ба унвони чемпиони ҷаҳон   оид ба бокси ҳирфаӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”) шарафёб гардид.

Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуд.   Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.

То ин мусобиқа варзишгари  амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони  чемпиони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов дар саҳифи худ дар Facebook навиштааст, дар ин ғалабаи ӯ  саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва   аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон  аст.

Дар айни ҳол муштзани тоҷик дар Лас-Вегаси ИМА, дар толори Флойд Мейвезер, таҳти раҳбарии  Сагатбек Мӯсохонов тамрин мекунад.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ»  таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон оид ба бокс, Устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмедов фаъолият менамояд.

Аз соли 2014 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Меҳрубон Сангинов аз сини 12-солагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Феълан М. Сангинов  дар яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон дар риштаи ҳуқуқ таҳсил менамояд ва муваққатан дар он ҷо зиндагӣ дошта, бо Федерацияи бокси касбии Қазоқистон ҳамкорӣ ва зери роҳбарии  Мураббии шоистаи Қазоқистон Сагатбек Мӯсахонов машқу тамрин менамояд.

Падараш Маҳмуд Сангинов  намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато мебошад.

Мехрубон Сангинов-2 Мехрубон Сангинов

Июль 25, 2017 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд