Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд

Август 10, 2017 11:20

ТОҶИКОБОД, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи  фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод даври ноҳиявии  Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017»  баргузор шуд. Дар қисмати аввали он ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва зиёда аз 30 номгӯй  хӯрокҳои миллии минтақа ба намоиш гузошта шуд.

Мутахассиси бахши занон ва оилаи ноҳия Нишона  Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Фестивали «Бӯстон-2017» бо мақсади  эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи  санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву  мутоиба  ва бадеҳахонӣ,  инчунин ҷалби занону духтарон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ  гузаронида шуд.

Ҳакамон ба маҳорату ҳунарнамоии наврасону ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод баҳои баланд дода, онҳоро бо  дипломҳои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» сарфароз гардониданд.

 

Август 10, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»
Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ