Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон

Август 8, 2017 13:03

ДУШАНБЕ, 08.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup, ки рӯзҳои 5-6 август дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Дар ин бора ТВ «Варзиш» хабар додаст.

Дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup ситораҳои футболи солҳои 1990 ва 2000-ум ширкат доштанд. Ин мусобиқа дар «Остона Арена» бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи “А” Олмон, Қазоқистон ва мунтахаби ҷаҳон, ба гурӯҳи “В” Италия, Португалия ва Русия дохил буданд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат буд. Ба ҳайати ибтидоии дастаҳо шаш нафар дохил мешуданд.

Ғолибони гурӯҳҳо – мунтахаби ҷаҳон ва дастаи Русия – рӯзи 6-уми август барои ҷойи аввал мубориза бурданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид. Дар ҳайати дастаи ғолиб Роман Широков, Евгений Алдонин ва Виктор Булатов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Дмитрий Сенников ба самар расонд. Голҳои мунтахаби ҷаҳонро фаронсавӣ Венсан Кандела, Азамат Абдураҳимов узбакистонӣ ва фин Яри Литманен ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати мунтахаби ситораҳои ҷаҳон чунин буд: Христо Стоичков (Булғористон), Азамат Абдураҳимов (Ӯзбекистон), Александр Шовковский (Украина), Винсан Кандела (Фаронса), Яри Литманен (Финляндия), Алдаир (Бразилия), Гаиска Мендйета (Испания), Жереми Нжитап (Камерун), Мӯҳсин Муҳаммадиев (Тоҷикистон), Жан Пйер Папен (Фаронса), Эрнан Креспо (Аргентина).

Барои ҷойи севум мунтахаби Португалия дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 13:7 шикаст дод. Ба ин тартиб, Португалия севум, Қазоқистон чорум, Италия панҷум ва Олмон шашум шуданд.

 

Август 8, 2017 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд