Боздиди ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия аз шаҳри Қӯрғонтеппа

Сентябрь 25, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар маркази шаҳр — назди теппаи Қӯрғон мардуми шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо нону намак ва гулу гулдастаҳо таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Истиқболи гарму самимии аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯҳияи ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳунармандони Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-ро болида гардонид. Онҳо аз рақси зебову садои дилнишини доираву карнаю сурнай ба ваҷд омада, таҳти навои тоҷикӣ ба рақс даромаданд.

Сипас меҳмонон ба Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов роҳ пеш гирифтанд.

Ruzhoi-farhangi-Rossiya-_5 Директори Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан», Артисти халқии Федератсияи Россия Руслан Тедеев зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон иброз дошт, ки «аз истиқболи самимии мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ниҳоят шодем. Ҳунарпешаҳои ансамбли «Алан» мафтуни табиати зебову меҳмоннавозии тоҷикон шуда, зикр намуданд, ки мо худро дар хонаи хешу табори худ эҳсос карда истодаем».

Қабл аз шурӯи консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки: «мардуми тоҷик ва русро риштаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд, вале барои мо муҳимтар аз ҳама, муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамаи кишварҳо ба роҳ мондаанд, хусусан бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо умед дорем, ки ин рӯзҳои фарҳангӣ барои боз ҳам муттаҳид гардидани мардумони тоҷику рус ва ба роҳ монданм муносибатҳои дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо заминаи устувор мегузоранд».

Сентябрь 25, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд