БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик ба 51 адад расид

Сентябрь 27, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгарони тоҷик  дар рӯзи  ёздаҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ  соҳиби 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ  шуданд. Дар ин бора намояндаи АМИТ «Ховар» Тоҳир Саид, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.

Дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот медалҳои нуқраро аз намуди самбо Зафар Олимшоев дар вазни -82 кг, аз намуди кикбоксинг Зуҳро Холова дар вазни -52 кг ва Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг сазовор шуданд. Се медали биринҷиро аз намуди самбо Нозимҷон Охиров дар вазни -62 кг, аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Суҳроб Абдулҳаев дар вазни -80 кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни -98 кг ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки  шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 адад – 3 тилло, Фарход Рахимов14 нуқра ва 34 биринҷӣ расид. Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-умро ишғол намуда, аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 8-ум қарор дорад.

Туркманистон бо 244 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал аст. Чин, ки 93 медал, аз ҷумла 40 медали тилло ба даст овардааст, дар ҷои дуюм, Эрон бо 115 медал, аз ҷумла 34 медали тилло дар ҷои сеюм қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 36 даста (35 давлат) сазовори медали бозиҳо гардидаанд.

 

Сентябрь 27, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд