Дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помир Инвест» баргузор шуд

Сентябрь 18, 2017 16:54

ХОРУҒ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помир Инвест» бо ширкати намояндагони вазорату кумитаҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва соҳибкорону сармоягузорони  ватанию хориҷӣ баргузор гардид.

Тавре сардори Раёсати рушди  иқтисод ва савдои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон Латиф Шоҳзодаев дар суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, мақсади асосии форум рушди соҳаи соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисоди вилоят ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи маҳсулоти маҳаллӣ мебошад.

Ба гуфтаи номбурда, «дар вилояти Бадахшон барои ба кор андохтани корхонаҳои коркарди пашму пӯст, меваю сабзавот, обҳои минералӣ, сангҳои ороишӣ шароити мусоид мавҷуд аст, аммо на ҳамаи соҳибкорони ватанӣ ба  бунёди чунин  корхонаҳо ҷуръат мекунанд, зеро маблағи кофӣ надоранд. Аз ин рӯ Ҳукумати кишвар барои афзоиши шумораи корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва бунёди марказҳои рушди сайёҳӣ  дар ҳамкорӣ  бо ширкатҳои хориҷӣ ин форумро доир кард».

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни ироаи маъруза баён дошт, ки «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди сайёҳӣ замина ва имконоти назаррас дорад. Барои мо танҳо зарур аст, ки дар шаҳру деҳоти дуру наздик  шумораи марказҳои муосири хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмононро зиёдтар намоем. Дар беҳбуди марказҳои фароғатию фарҳангӣ, осорхонаву мавзеъҳои таърихӣ бояд ҳарчӣ бештар соҳибкорони ватанӣ ҷалб карда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари худ ба ноҳияи Дарвоз соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ унвон карда, нақши соҳибкорони ватаниро дар рушди риштаи ҷаҳонгардӣ муҳим арзёбӣ карданд. Дар мулоқот бо сокинони ин ноҳия Пешвои миллат изҳор доштанд, ки баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ шумораи меҳмонони хориҷӣ ба ин мавзеи зебоманзари диёрамон бештар хоҳад гардид. Дар ин самт баробари маблағгузориҳои давлатӣ, инчунин соҳибкорони ватанӣ низ бояд кӯшиш намоянд».

Форуми байналмилалии «Помир Инвест» ду рӯз идома ёфта, дар фарҷом байни соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони корхонаву ширкатҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Сентябрь 18, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд