Ифтитоҳи мавсими 77-уми театрӣ бо балети «Зол ва Рудоба»

Сентябрь 16, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 сентябр,  соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи 77-умин мавсими театрӣ бо намоиши балети «Зол ва Рудоба» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи  мавсими 77-уми театрӣ супоридани Ҷоизаи мусиқии касбӣ ба номи Борбад ба барандагони ҷоиза низ дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки нахустнамоиши балети «Зол ва Рудоба», ки аввалин балети тоҷикӣ аст, моҳи ноябри соли 2016 ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Намоиш чун падидаи нодири фарҳангӣ қалби ҳазорон нафар мухлисони санъати балетро тасхир намуд.

«Зол ва Рудоба» аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳия гардида, муаллифи мусиқӣ шодравон композитори маъруфи тоҷик Шуҳрат Ашӯров мебошад.

Асар аз ҷониби лауреати озмунҳои байналхалқӣ Мария Левитская ба саҳна гузошта шуда, дирижери он Далер Тиллоев аст.

Сентябрь 16, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд