Истиқболи ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2017 12:20

ДУШАНБЕ, 25.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 сентябр ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин ба Тоҷикистон омаданд.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода пешвоз гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Давлатзода меҳмононро дар ҳайати беш аз 50 нафар ба кишвари меҳмондӯсти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки халқи тоҷик ҳамеша баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Россия ва Россияро дар Тоҷикистон бесаброна интизор мешаванд.

«Мардумони тоҷику русро риштаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангӣ, ки таърихи тӯлонӣ дорад, ба ҳам мепайванданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг, ки ба ҳукми анъана даромадаанд, муносибатҳои фарҳангии ду кишварро тақвият медиҳанд ва ба ғанигардонии фазои фарҳангӣ мусоидат мекунанд»,- иброз дошт Музаффар Давлатзода.

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 27 сентябри соли 2017 доир гардида, дар доираи он баргузории барномаҳои консертӣ бо иштироки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва Триои Консерваторияи Москва, ташкили намоиши «Русский север» дар шаҳри Душанбе ва сафари ҳунарии иштирокчиён ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд дар назар аст.

Сентябрь 25, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд