«Истиқлол» ба даври минбаъдаи Ҷоми AFC роҳ ёфт!

Сентябрь 13, 2017 10:50

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  бозии ҷавобии дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди Филиппин баргузор гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби  мусовии 1:1 ба анҷом  расид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар қисми якуми вохӯрӣ ҳарду ҷониб лаҳзаҳои хатарнок ва партофтҳои головарро зиёд ба миён оварданд. Кушодани ҳисоб дар бозӣ  ба ҳимоятгари мизбонон Мануэл Ҳерера Сапер муяссар шуд. Сипас дар дақиқаҳои иловагии нимаи якуми вохӯрӣ шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев голи ҷавобӣ заданд. Дмитрий Барков бо истифода аз партофти хуби Девид Мавутор натиҷаро баробар кард.  Дар қисми дуюми  бозӣ дар дақиқаи 69-ум ҳимоятгари  бомаҳорати «Истиқлол» Артем Барановский бо гирифтани  корти сурх аз идомаи бозӣ маҳрум шуд.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи   «Истиқлол»-и  Душанбе ба даври ниҳоии байниминтақавии мусобиқоти  Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё-2017 роҳхат гирифт. Имрӯз дар доираи ин давр   дастаҳои «Бангалор»-и Ҳиндустон ва «25-уми апрел»-и Кореяи Шимолӣ байни  ҳам  бозӣ  мекунанд. Дастае, ки дар ин бозӣ ғолиб омад,  бо  дастаи футболи   «Истиқлол»-и  Душанбе  вомехӯрад.
Бояд зикр кард, ки дар вохӯрии аввали даври финалии  минтақавӣ чанд тан аз футболбозони калидии дастаи  «Истиқлол», аз ҷумла Дэвид Мавутор,  Артем Барановский ва Амирбек Ҷурабоев бо  сабаби аз бозии пешина гирифтани корти зард бозӣ карда наметавонанд.

ceres-istiklol5 ceres-istiklol7 ceres-istiklol6 ceres-istiklol4

Сентябрь 13, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд