Мулоқоти расмӣ ва нишасти матбуотӣ бо ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 25.09.2017. / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии расмии ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин, ки роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистонро дар уҳда дорад, оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳа гуфтушунид намуданд.

Сипас, ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъдан бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  гуфт, ки муносибатҳои фарҳангии ду кишвар танҳо бо баргузории Рӯзҳои фарҳанг маҳдуд намешаванд, зеро ин муносибатҳо дар сатҳи театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ, табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳо мунтазам рушд мекунанд.

Муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин дар тасдиқи сухани Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки то ин муддат, ки ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду кишвар 25 сол пур мешавад, дар соҳаи фарҳанг лоиҳаҳои гуногуни муштараки назаррас амалӣ гардидаанд.

Сентябрь 25, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад