Намояндаи Тоҷикистон дар Литва нақши Суди конститутсиониро дар таъмини суботи конститутсионӣ муҳиму назаррас арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Литва Конгресси IV байналмилалӣ оид ба адолати судии конститутсионӣ дар мавзўи «Волоияти ҳуқуқ ва адолати конститутсионӣ дар ҷаҳони муосир» доир гардид. Дар кори он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода вобаста ба волоияти ҳуқуқ ва адолати судии конститутсионӣ суханронӣ намуда, нақши Суди конститутсиониро дар таъмини суботи конститутсионӣ муҳиму назаррас арзёбӣ намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд, дар Конгресс мавзӯъҳои мухталифи марбут ба волоияти ҳуқуқ, конститутсионализм, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини суботи конститутсионӣ дар мамлакат, нақши қарорҳои судҳои конститутсионӣ ва институтҳои муодил дар самти ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд, воситаҳои муосири таҳкими ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, таъмини қонунияти конститутсионӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзўъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба адолати судии конститутсионӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Литва доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии 90 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Австрия, Албания, Арманистон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Индонезия, Камерун, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Македония, Молдова, Германия, Руминия, Словения, Туркия, Ӯзбекистон, Хорватия ва дигар кишварҳо, Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Литва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъалаи муайян намудани макони баргузории Конгресси V байналмилалӣ оид ба адолати судии конститутсионӣ низ матраҳ гардида, якдилона қарор қабул карда шуд, ки Конгресси V соли 2020 дар Ҷумҳурии Алҷазоир баргузор гардад.
Инчунин тавассути овоздиҳӣ ба узвияти Бюрои Конгресс мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои Доминикан, Ҷибути, Индонезия ва Италия интихоб гардиданд.
Дар фарҷоми кори Конгресс баъд аз муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби иштирокдорон Коммюникеи Вилнюс қабул карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






