Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро воситаи асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мешуморад»
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оид ба тадбирҳои амалии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ изҳор карданд, ки «Ҳукумати мамлакат таҷдиду навсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро воситаи асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мешуморад. Барои анҷоми муваффақонаи лоиҳаи имрӯза 93 миллион доллари амрикоӣ ё 741 миллион сомонӣ сарф гардида, 40 километр роҳ ва 10 пул ба дарозии 1121 метр мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамин тавр, бо дарназардошти қитъаи роҳи Шоҳон — Зиғар дар ҳудуди ноҳия 54 километр роҳ ва 13 пул, ки ҷавобгӯи талаботи муосири хизматрасонии нақлиётӣ мебошад, ба истифода супорида шуд».
Сарвари давлат зикр карданд, ки навсозии шоҳроҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ идома дода шуда, бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд: «Мо бунёду азнавсозии қитъаҳои шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб- Хоруғ-Кулмаро минбаъд низ идома медиҳем. Бо ин мақсад, тавре ки гуфтам, чанд лаҳза баъд ба корҳои таҷдиди роҳ дар қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 58 километр ва бо харҷи наздики 865 миллион сомонӣ ҳусни оғоз мебахшем. Таҷдиду навсозии роҳҳои зикршуда на танҳо робитаи байналмилалии нақлиётиро таъмин мекунад, балки ба рафтуомади байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор фасли сол мусоидат намуда, боиси тавсеа пайдо кардани савдои наздисарҳадӣ ва боз ҳам афзоиш ёфтани мубодилаи молу маҳсулот бо кишварҳои хориҷӣ мегардад.
Президенти мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода, таъкид карданд: «Бояд гуфт, ки барои шабакаҳои нақлиётии кишвар бунёду навсозии роҳҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои зикршуда, инчунин бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои таъмиру навсозӣ кардани роҳҳои дохилии ноҳия ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ чораҷӯӣ намоянд».
Хотиррасон мекунем, ки Пешвои миллат субҳи имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафар карданд.








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






