«РӮЗИ СОҲИБКОРОН-2017»: бахшида ба ин рӯз дар Тоҷикистон тадбирҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 28.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ омодагӣ ба Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нимаи дуюми моҳи октябри ҳамин сол баргузор мегардад, идома дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Мулоқоти мазкур аллакай ба ҳукми анъана даромада, имсол маротибаи сеюм – дар Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.
Дар чорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни «Рӯзи соҳибкорон-2017» дар ҷумҳури гузаронидани чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 25 сентябр дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши «мизи мудаввар» бахшида ба оғози татбиқи барномаи «Бонувон ва тиҷорат» баргузор гардид.
Ҳамчунин тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
10 ОКТЯБР: даври чоруми озмуни «Старт-ап Choikhona». Макон: шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон. Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
11 ОКТЯБР: ҳамоиши «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хусусӣ». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Шератон». Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
12 ОКТЯБР: конфронс дар мавзӯи «Рушди хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон. Тарғиб ва рушди хизматрасониҳои тиҷорат». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси». Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
13 ОКТЯБР: ҳамоиши «мизи мудаввар» оид ба дастгирии соҳибкории бонувон ва рушди ҳунармандӣ. Макон: шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Ташкилкунанда: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
13-15 ОКТЯБР: намоишгоҳ-фурӯши миллии маҳсулоти ҳунармандӣ. Макон: шаҳри Душанбе, Маркази исмоилия. Ташкилкунанда: Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон.
17 ОКТЯБР: семинар дар мавзӯи «Роҳҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси». Ташкилкунанда: Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






