ШОМИ ДӮСТӢ! Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд

Сентябрь 25, 2017 14:40

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Рузхои фарханги Россия _4«Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои фарҳангии кишварамон ҳамеша пур аст», — гуфт Шамсиддин Орумбекзода ва илова намуд, ки «аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҳамсоякишварамон – Ӯзбекистон дере нагузашта, инак мо боз аҳли фарҳанги кишвари ба мо дӯст ва шарики стратегӣ-Федератсияи Россияро истиқбол гирифта, тантанаи фарҳангӣ доир намуда истодаем. Саҳнаи театр ва синамои тоҷик ҳеҷ гоҳ аз намоиши филм ва саҳнаи рус холӣ намондааст. Дар давоми даҳсолаҳо дар саҳнаҳои театри тоҷик мо аз асарҳои нависандагони рус спектаклҳоро манзури тамошобинон гардонидем ва дар оянда низ хоҳем гардонд».

Сергей Абривалин  зикр намуд, ки «рушди муносибатҳо миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таърихӣ ва ояндаи дурахшон дорад ва ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Мо умедворем, ки аз ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Россия каме ҳам бошад, баҳра мебардоред ва итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, табъи шуморо болида мегардонанд».

Ба ҳайати эҷодии меҳмонон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и  Консерваторияи Москва шомил буда, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Дни культуры РФ Дни культуры РФ-3

Имрӯз, 25 сентябр ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия дар доираи баргузории Рӯзҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуда, ба  сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод намуданд. Худи ҳамин рӯз консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи      А. Муҳаммадҷонов дар назар дошта шудааст.

Маросими ботантанаи пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бегоҳии 26 сентябр баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ин маротиба чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми кушодашавии он   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

Сентябрь 25, 2017 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федерстсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия, Эрон ва Қирғизистон баргузор мегарданд
Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд