ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 сентябр, ҷумъа, 272-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 93 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
29 сентябри соли 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот доир намуданд.
***
2 сол пеш, 29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуда буданд.
***
29 сентябри соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
29 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
***
Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
***
Рӯзи Конститутсия дар Бруней.
***
Рӯзи Микел дар қисмати Аврупои ғарбӣ, ки ба хотимаёбии корҳои тобистониву тирамоҳӣ, рӯзи бозорҳо ва савдо бахшида мешавад.
РӮЙДОДҲО:
29 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
***
6 сол пеш, 29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.
***
29 сентябри соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.
***
91 сол муқаддам, 29 сентябри соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфта буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1973 дар натиҷаи заминларзаи шадид дар Мексика беш аз 700 нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
29 сентябри соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон 70 сол пур шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё буд, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.