Танзими анъана ва ҷашну маросим ба зиндагии мардум баракат меафзояд
ДУШАНБЕ, 18.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти донишкада бо устодону кормандон ва донишҷўён ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир гардид.
Ректори донишкада Қудрат Давлатзода зикр намуд, ки «воқеан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади саривақтӣ буда, мақсади асосии он коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар давоми 10 соли амали қонун он натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Қонуни мазкур барои сарфакоронаю самаранок истифода бурдани маблағу даромадҳои мардум роҳнамоӣ мекунад. Масалан ба ҷои хароҷоти барзиёд беҳтар аст, он маблағҳоро барои бунёди манзил ва таҳсили фарзандон сарф намоем».
Иштирокдорони ҷамъомад дар бораи самтҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардида сухан гуфтанд.