Ҳайати иштирокчиёни Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба Ўзбекистон сафар кард

Октябрь 10, 2017 14:25

ДУШАНБЕ, 10.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати   Тоҷикистон бо барномаи фарҳангии хеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Барномаи Рўзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

РаксТавре қаблан иттилоъ дода будем, дар барномаи консертӣ  дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Фотима Машрабова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.

Санъати рақси миллии тоҷикро дар Ўзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон пагоҳ дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Октябрь 10, 2017 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад