АЗИМ ИБРОҲИМ: МУШКИЛОТИ АСОСӢ – ЭЪТИМОДБАХШ БУДАНИ МАЪЛУМОТ АСТ. Муовини Сарвазири мамлакат дар вилояти Суғд бо корҳои зимистонгузаронӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ “Ховар”/. Дар вилояти Суғд дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилоят ба давраи зимистони солҳои 2017-2018, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноати сабук (дӯзандагӣ) ва хӯрокворӣ (коркарди ширу гӯшт) баргузор гардид.
Муовини Сарвазир иброз намуд, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва қисмҳои ҳарбию низомӣ ба талабот ҷавобгӯй мебошанд, аммо мушкилоти асосӣ ин эътимодбахш будани маълумот мебошад. Зеро санҷиши гурӯҳи корӣ дар якчанд ҳолат номутобиқатии нишондиҳандаҳои ситодҳои вилоятиву ноҳиявиро дар мисоли субъектҳои шаҳру ноҳияҳо ошкор намуд. Масалан, дар гимназияи №1 ноҳияи Зафаробод нақша қисман иҷро шуда, дар муассисаи таҳсилоти томактабии №30 шаҳри Хуҷанд умуман то рӯзи санҷиши гурӯҳи корӣ ягон тонна ангишт ворид нашуда буд, аммо тибқи маълумоти ситодҳо гӯё пурра таъмин будаанд.
Чунин номутобиқатиҳоро гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Конибодом ва шаҳри Истаравшан низ ошкор намуд, ки дар маҷмӯъ омодагии воқеии вилоятро ба мавсими тирамоҳу зимистони қарибулвуқӯъ дар баъзе самтҳо зери суол мебарад.
Зикр шуд, ки захираи хӯроки чорво тибқи шакли тасдиқшудаи оморӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод нашудааст, ки эҳтимолияти пайдошавии мушкилотро дар ҳолатҳои фавқулода бештар гардонида, ташвиши ситодро нисбат ба воқеан кам будани захираҳои хӯроки чорво боз ҳам зиёдтар гардонид.
Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки бо назардошти он, ки номутобиқатии нишондиҳандаҳои ситодҳо дар ВМКБ, Хатлон ва Суғд тасдиқи худро пайдо намуданд, ба гурӯҳи корӣ супориш дода мешавад, ки дар фасли зимистон санҷиши интихобиро ба роҳ монда, маълумоти муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир ба масъулини Ситоди вилоятӣ супориш дод, ки эътимоднок будани нишондиҳандаҳоро дар амал таъмин намуда, мушкилоти ҷойдоштаро сари вақт бартараф созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






