БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ВА ТАҚДИР ГАРДИДАНД. 5 октябр — Рӯзи касбии кормандони оперативӣ
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил карда мешавад, ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо курсантону иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳадафи баргузории озмуни мазкурро баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва малакаю маҳорати кормандони самти оперативӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки тавассути чунин озмунҳо онҳо тарзи амалӣ кардани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, исботи гуноҳ ва ҳимояи ҳуқуқи худро меомӯзанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни самти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, қонунгузорӣ, тарзи қабул намудани қарорҳо ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти прокуратураю суд муфассал маълумот дода шуда, зикр шуд, ки баъди ба табъ расидани китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф карда шуд.
Тибқи ҷамъбасти озмун беҳтарин кормандони оперативӣ муайян гардида, барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ ва дониши аълои назариявӣ дар самти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сардори шуъбаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Зафар Неъматов, сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҳир Баротзода, муовини сардори шуъбаи минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдати Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ворис Мазориев, муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров Оқилҷон Исматзода, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Ҷурахон Каримов, корманди ШВКД дар ноҳияи Файзобод Авазҷон Саидов, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Мирзораҳим Ҳомидов, корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Суҳроб Шамсиев, корманди РВКД дар вилояти Суғд Ҷонибек Ҳакимов, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳруз Воситов сарфароз градонида шуданд.
Ҳамчунин бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсанти курси якуми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Миҷгона Самадова барои ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои Осиё маблағи пулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






